МАҲБУБИ ДУ ДИЁР

Хайруллои Насриддин ҳофизи шинохтаи Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки солҳои дароз дар театри ба номи М. Уйғури вилояти Сурхондарё чун актёр ва пештар ба сифати роҳбари дастаи «Шалола»-и Бойсун фаъолияти худро пеш бурдааст, ҳоло боз як унвони барҷастаеро ба даст овард.

Ӯ ба унвони «Ҳофизи халқии Тоҷикистон» мушарраф шуд. Ин хабари хуш барои худи ҳофиз, инчунин барои мухлисонаш боиси ифтихори бузург аст.
– Муҳтарам  устод! Чи хеле ки хабардор ҳастем, бо шарофати хидматҳоятон ба унвони «Ҳофизи халқии Тоҷикистон» мушарраф шудед, камтар дар бораи ин ба мо нақл мекардед.
– Рости гап, чашмдор набудам. Аммо баъди чанд рӯзи ин хабар маро ба сафорати Тоҷикистон ба Тошканд даъват карданд ва унвонро сафири муҳтарам Абдуҷаббор Раҳмонзода аз номи роҳбари Тоҷикистон ба ман супурданд. Ин мукофот бо муносибати 32-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ман дода шуд. Шукри Худо, ба ҳамин рӯзҳо расидем, аз ин хеле хушҳолам.
Мо медонем, ки санъат ин яке аз пурмашаққаттарин касб ба ҳисоб меравад ва ҳатто дар миёни халқ мегӯянд, ки «нони санъат аз санг сахттар аст!». 
– Аввалин ҳаваси шумо ба олами санъат чӣ гуна ба вуҷуд омад ва шуморо асосан чӣ ба худ ҷалб намуд?
– Аввалин ҳаваси ман ба санъат ин муҳити хонавода буд, барои он ки падари ман кам-кам танбур менавохтанд, аммо дар Ҷанги дуюми ҷаҳон аз дасташон тир хӯрданд ва маҷбур буданд, ки танбурро партоянд. Аз тарафи модарам – бобоям танбурнавоз буданд, тағоям низ ҳофизи барҷаста буд ва ман хеле ҳавасманди навохтани рубобу танбур будам. Шояд аз ин бошад, аз кӯдакиям суруд мехондам ва асло шарм намекардам. Ҳатто ба ёд дорам, баъзеҳо маро бо шавқ гӯш мекарданд. Ёд дорам, ки овони кӯдакӣ рӯзе бо қутии консерв ва бо қили думи асп торҳои рубобро бо дастам сохта, ба сурудхониву навохтан андармон мешудам. Азбаски дар оилаи миёнаҳол ба воя расидаам, харидани рубоб барои падарам мушкил буд. Падарам бо маоши муаллимӣ ҳам апаам ва ҳам акаамро мехононданд, мо мактабхон будем. Соли 1966 дар ноҳия озмун шуд, дар он ҷо ман бо суруди тоҷикӣ ҷойи якумро гирифтам ва дар вилоят низ ҷойи аввалро ишғол кардам, хеле худро хушбахт эҳсос мекардам. Вақте сарҳакам, ки мӯйҳои сафеду қади баланд дошту, дирижёр ва режиссёри барҷастае буд, ба руйи саҳна омаду ба ман ҷоизаи ҷойи аввалро супорид ва пурсид: «Ту тоҷикӣ?». Ман гуфтам – бале, тоҷик ҳастам! «Баъд аз хатми мактаб чӣ реҷаҳо дорӣ!» Ман гуфтам, шояд ба ягон ҷой хонданӣ равам, агар тавонам.  Он кас гуфтанд: – «Ба театр ҷеғ занем, меоӣ?» 
Барои ман аввалин шарораи умед ин буд. Ман аввалин оташаки қалбамро ҳис кардаму аз он замон ман дар театр ҳастам ва аз деги санъат гоҳ пухта гоҳ нопухта ғизо мехӯрам. 
– Гуфтан мумкин аст, ки шуморо Президенти давлати ҳамсоя барои як суруди «Тоҷикам», яъне «Ифтихор» ба назар гирифтанду унвон доданд. Ин сурудро шумо бори аввал дар куҷо хондед? Интихоби шумо буд, ё ки муаллифи шеър Иззатулоҳи Кенҷа онро ба шумо пешниҳод карданд? Ин суруд чӣ гуна ба дунё омад? 
– Соли 1989 шодравон Иззатӣ (Иззатуллоҳи Кенҷа) ба боғчаашон, яъне ба истироҳатгоҳи худ маро таклиф карданд. Мо хеле муносибати хуб доштем, ҳамкори хуб будем. Он солҳо – солҳои «перестройка», солҳои худшиносиву озодии  сухан ба ҳисоб мерафт.  Ҳаво хеле гарм буд, мо бо ҳамроҳии Иззатӣ дар ҳамон лаби дарёи Дарбанд як кӯрпачаро ҳамвор карда, нишастем. Ман гуфтам: 
– Устод, замона замонаи худшиносӣ шуд, ману шумо ҳам метавонем ягон суруди нав эҷод кунем?
Он вақт устодро шеъри «Дарбандга кел»-ашон хеле машҳур буд.
Устод гуфтанд: 
– Хуб мегӯед, ман ҳам чанд вақт аст, ки дар фикри ин будам!
Баъд аз як ҳафта устод ба ман занг заданд ва гуфтанд: 
– Оё шумо ба газетаи «Ғалаба» (ҳозира «Бойсун овози») обуна ҳастед?  
Ман гуфтам: – Бале! 
Гуфтанд, ки пас газетаро гиред ва шеъри «Ифтихор»-ро  хонед!
Ман дарҳол газетаро гирифтам ва хондам, шеър хеле ҷолиб буд. Он қадар маъқул шуд, ки ман зуд ба оҳангкобӣ  даромадам ва оҳанг бастам. Дар чанд туй хондам, аммо мусиқааш ба дилам нанишаст. Соли 1990 бо дастаи «Шалола»-и Бойсун ба сафари ҳунарии Англия рафтем, як моҳ дар он ҷо будам ва он ҷо оҳанги ҳозираашро бастам. Ман шаби дароз ба ҳамхонаи худ хоб надода, дар меҳмонхона барои фаромӯш накардан такрор мекардам. Вақте ба ватан омадам, дар ҳар тӯю маросим мехондам ва суруд хеле мухлисони зиёди худро пайдо намуд ва ҳанӯз ман дар Тоҷикистон ин сурудро нахонда будам. Аз он ду сол пеш дар шаби эҷодиёти устод Ҷӯрабек Муродов, ки «25-солагии эҷодиёт»-и худро ҷашн мекарданд, ҳама шогирдон, ки суруди худи устодро хиргоҳӣ карданд, ба ман таклиф намуданд, ки суруди худро хонам. Он шаб суруди «Гар сарояд Ҷӯрабек», ки низ ба қалами Иззатулоҳи Кенҷа мансуб буд, хондам ва хеле кафкӯбӣ шуд. Ҳоло акнун дар Тоҷикистон низ мухлисони худро пайдо карда будам. Вақте дар Кохи Борбад соли 1992 дар назди устод Ҷӯрабек Муродов бори аввал суруди «Тоҷикам»-ро иҷро намудам, хеле кафкӯбии зиёд шуд ва боз як сурудро хоҳиш карданд. Ман суруди «Гар сарояд Ҷӯрабек»-ро хондам. Рӯзи сеюм маро ба телевизион даъват карданд ва дар он ҷо бори аввал навор гирифта шуд. Он ҷо бисёр сипосгузорӣ ба номи устод Иззатӣ (худо раҳмат кунад) шуд. Суруд соли 2004  боз дар телевизиони Тоҷикистон сабт карда шуд. Чун дар телевизион суруди «Тоҷикам» зуд-зуд гузошта мешуд, дархост шуд, ки онро дар ҳузури Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон сароям. Маро 20 марти он сол ба ҷашни Наврӯзи Тоҷикистон даъват карданд. Пеш аз баромадам Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон маро пешашон даъват карда бусиданду гуфтанд: 
– Хуш омадӣ!  Имрӯз ба ман суруди «Тоҷикам»-ро хонда медиҳӣ! 
Гуфтам барои ин ба ин ҷо омадам. Навбати ман 19-ум буд, аммо бо хоҳиши Ҷаноби олӣ барвақттар ба саҳна даъват карда шудам. Вақте баромад кардам, бисёр кафкӯбӣ шуд ва маро гуфтанд ҳоло шинеду шеърро дар варақ нависед, ки ин талаби Ҷаноби олӣ аст. Ман дар худи саҳна дар паси навозандагон нишаста, навиштам. Вақте он кас руйи саҳна омаданду ҳамроҳи ман суруд хонданд, баъдан маро оғӯш карданд ва дар бораи суруди «Тоҷикам» ва дар бораи муаллифи шеър дувоздаҳ дақиқа суханронӣ карданд. Ташаккурҳои зиёд ба номи устод Иззатӣ гуфта шуд, ки як тоҷики бурунмарзӣ ин қадар барои миллати худ ҷон бохта, шеър навиштааст. Барои он ки берун аз Тоҷикистон ин санъаткор ва ин шоир дар ғами миллату дар ғами халқаш навиштааст, аҳсан гуфта шуд. Албатта ин хеле боиси ифтихори мо буд. 
– Шодравон  Иззатуллоҳи Кенҷа шоири зуллисонайн буд. Медонем, ки шумо як шеъри шоирро неву якчанд шеърашро ба оҳанг даровардед. Лутфан фикру ақидаҳои худро дар бораи устод мегуфтед.
– Албатта, мо бо устод Иззатӣ бисёр рафту омади хуб доштем. Ҳамкории мо солҳои дароз давом кард. Вақте он кас дар туйҳо раисӣ мекарданд, ман суруд мехондам, мо бо ҳам суҳбат мекардем. Бисёр мехостам, ки ҳамроҳи он кас ба Тоҷикистон равам, мардуми Тоҷикистонро бо ин шоир шинос кунам, аммо умри устод Иззатӣ ба ин вафо накард. Ба шарофати шеъри он кас, имрӯз ман соҳиби ин унвон шудам.  
– Дар оянда боз ба эҷодиёти Иззатулоҳи Кенҷа муроҷиат мекунед?
– Албатта, ҳоло бисёр реҷаҳо дорам. Он кас дар вақти зиндагиашон бисёр нусхаҳои шеърашонро доданд, кӯшиш мекунам, ки дар эҷод монда набошам ва боз шеърҳояшонро ба оҳанг дарорам. Ҳатто рӯзе раҳматӣ Иззатӣ дар Тирмиз  маро ба хонаи писарашон даъват карданд ва мо бисёр маслиҳатҳо кардем, намунаҳои зиёди эҷодашонро ба ман доданд. Асосан шеъри «Эй Сорбон»-и устод, ки мухаммас ба шеъри Саъдии Шеърозӣ аст, хеле маъқул шуд. Эҷоди  манро асосан шеърҳои устод Иззатӣ ташкил мекунад.
– Устоди гиромӣ, барои ҷавобҳои ҷолиб ташаккур. Боз як бор ба унвони олӣ муборакбод мегӯем ва ҳеч гоҳ овози хушатон хаста набошад!
– Як ҷаҳон сипос.

Суҳбатнигор 
Парвина РӮЗИМАҲМАДОВА.
Суратгир: Т. ХОВАРӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: