ТАЪЛИМИ БОСИФАТ – ПОЙДЕВОРИ РУШД

Дар ҷаҳон чӣ қадаре кишварҳои пешрафта, дар роҳи тараққиёт ба зинаҳои баланд баромада бошанд, ҳамаи онҳо бо кадрҳои баландихтисоси зеҳнӣ ба ин дастовардҳо ноил шудаанд.

 Бе муболиға гуфтан мумкин аст, ки дар замири ин, албатта сохтори таълими босифат ниҳон аст. Аз ин рӯ, дар солҳои охир бо роҳбарии Сарвари давлат дар соҳаи таълими кишвар корҳои васеъмиқёс ва чораҳои мушаххас амалӣ мешаванд. 
Дар натиҷа, дар ҳафт соли охир дар муассисаҳои томактабӣ фарогирӣ аз 27 то 74 фоиз афзуд. Мактабҳои нав сохта, ба таври илова 700 ҳазор ҷойи талабагон ташкил карда шуд. Муассисаҳои нави таълимӣ аз қабили мактабҳои бачагони иқтидорноки ба номи Мирзо Улуғбек ва Муҳаммад Хоразмӣ, мактабҳои эҷодии ба номи Ҳамид Олимҷон ва Зулфия, Эркин Воҳидов, Абдулло Орипов, Иброҳим Юсупов, Исҳоқхон Ибрат, Муҳаммад Юсуф, Ҳалима Худойбердиева, «Мактаби Темурбекҳо», мактабҳои президентӣ ва мактабҳои хусусӣ таъсис дода шуданд. Шумораи муассисаҳои таълими олӣ аз 200 адад афзуда, фарогирӣ ба 42 фоиз расид. 
Дар ҷаласае бахшида ба вазифаҳои устувори соҳаи иҷтимоӣ, ки чанде пеш таҳти раёсати Президенти кишварамон баргузор гардид, бартараф намудани мушкилот дар соҳаи таълим, омода намудани кадрҳои замонавии дорои тафаккури навовару созанда ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳи ватандӯстӣ ва маънавияти баланд аз вазифаҳои аввалиндараҷа арзёбӣ гардид. Аз ҷумла, зарурати таъмини тамоми муассисаҳои таълимии томактабӣ бо маводи таълими методӣ созгори арзишҳои миллӣ, пурра рақамикунонии равандҳо аз қабили таъминоти ғизо, давомот, маблағгузорӣ таъкид гардид. 
Муҳимтар аз ҳама, Барномаи таълимии мактабҳои президентӣ дар ҳазор мактаби дигар истифода мешаванд. Базаи моддию техникии онҳо мувофиқи талаб беҳтар мегардад. Таҷрибаи ба мактабҳо овардани «соҳибони забон» вусъат меёбад. Инчунин бобати касбомӯзии ҷавонон як қатор вазифаҳо гузошта шуд. Ҳоло рӯйихати 50 касбу ҳунар тартиб дода шуда, барои онҳо Барномаҳои таълимӣ ва таҷрибавӣ таҳия карда мешаванд. Ба мактабҳо соҳибкорону мутахассисонро ҷалб намуда, маҳфилҳо ташкил карда мешаванд. Вазифаи «Устоди таълими касбӣ» кушода мешавад. 
Ғайр аз ин, дар мактаб ба соҳибкорон барои ба касбу ҳунар омӯзонидан ба хонандагон ҷойҳои холӣ бепул дода мешаванд. Ба писароне, ки курсро тамом карда, имтиҳонҳоро супурдаанд, сертификати ихтисос дода мешавад. 
Боз як масъалаи муҳим. Бо мақсади таваҷҷуҳи хоса додан ба давомот дар дарс ва хонандагони тарбияаш душвор дар асоси занҷири «Мактаб – падару модар – маҳалла» платформаи электронӣ ба кор андохта мешавад. Ҳамзамон, шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар байни ҷавонон оммавӣ гаштааст, мавриди таҳлил қарор гирифта, барои ҳифзи онҳо аз таъсири  зараровар ва истифодаи мусбати онҳо чораҳо андешида мешаванд. Барои падару модарон бо забони сода оид ба тарбияи фарзанд дастурҳо тайёр карда мешаванд. 
Агар ин ташаббусҳо дар амал татбиқ шаванд, тавре ки Президентамон таъкид карда буд, дар таълиму мактаб дар падару модар масъулият, дар омӯзгор ӯҳдадорӣ ва дар хонандагон боварӣ ҳосил мешавад, таълиму тарбия босифат шуда, дар маҳалла назорат пайдо мешавад.
Қобили зикр аст, ки дар лоиҳаи Барномаи давлатии татбиқи стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» дар «Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат», ки имрӯз ба муҳокимаи умум гузошта шудааст, ба 76  фоиз расонидани сатҳи фарогирӣ бо таълими томактабӣ, ташкили гурӯҳҳои компутерӣ дар муассисаҳои таълимии томактабии давлатӣ, ҷорӣ намудани тартиби нави баҳодиҳии дониш дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, тавсеаи забони дуюми хориҷӣ ва касбомӯзӣ инъикос ёфтааст.
Дар баробари ин, дар асоси тағйир додани низоми таълим мувофиқи дигаргуниҳои бозори байналхалқии меҳнат, мувофиқи  равандҳои технологӣ ба роҳ мондани низоми таълим ба сатҳи нав баровардани сифати таълим дар мактабҳои олӣ вазифаҳои муҳим гузошта мешаванд.
Умуман, иҷрои вазифаҳои дар соҳа гузошташуда ба рӯйи об баровардани неру ва қобилияти ҷавонон,ҳамчун мутахассисони боақл, донишманд, рақобатпазир ба камол расонидани онҳо хидмат мекунад.

Ӯрол ӮРОЗБОЕВ,
депутати Палатаи қонунгузории 
Олий Маҷлис.  
  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: