ҚИССАИ САФАРИ ФОРИШ

(Ёдбуди Ҷонибек дар Порашт, хостгории арӯс аз Тошканд, роҳбаладии Набиҷон, меҳмондории Раҷаббойтағо)

Қабл аз тафсири сафар, лозим меояд дар бораи яке аз ҳамсафаронамон, қаҳрамони асосии қисса, сармуҳаррири нашрияи Парлумони Тоҷикистон «Садои мардум» равоншод Бобоҷони Абдулвоҳид чанд сухан гуфта бошем. 
Ӯро муаррифӣ намудан аз нигоҳи аввал осон аст, беш аз ду даҳсола ҳамкасбу ҳамкор будем. Дар ин муддат ҳазорон сатрҳои иншонамудаи ӯро аз рӯзномаҳои ноҳиявию вилоятию ҷумҳуриявӣ, аз маҷмӯаву баёзҳо мутолиа карда, ҳунарашро тан гирифтаем, ширинию талхиҳои касби рӯзноманигориро ба ҳам дидаем. Дар маҳфилҳои хонаводагиаш дар ҳалқаи аҳли оила – завҷаи ба сахтиҳои касби журналистӣ пуртоқати меҳрубонаш бону Марҳабо, фарзандони солеҳаш Ҷаҳонгиру Нилуфар, Қаҳрамону Шарофат, аз нону намакаш чашидаем.
Вале душвор ҳам ҳаст муаррифии ӯ. Табиати инсонӣ аст, ки дар бораи шахси дар паҳлӯят буда ҳар андоза зиёд медонӣ, дар муаррифиаш мушкилӣ мекашӣ, зеро намедонӣ зикри кадоме аз хислати ҳамидааш, чӣ ҳунар аз чил ҳунараш, кадом паҳлӯи коршиносиву кордониашро ба ихтиёри қалам гузорӣ.
...Бобоҷони Абдулвоҳид охирҳои апрели соли 1997 сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» таъйин шуд. Дар идора ба шакли муроҷиат ба ӯ вожаҳои нави «шеф», «калон» илова гардид, вале ҳамон тарзи пештара «Акаи Бобоҷон» барояш маъқулу хушоянд буд. Ҳатто дар долонҳою толорҳои Порлумон, аз раис то вакилону вазирон, кормандони дастгоҳи Маҷлис, ки маъмулан ба ному насаби мухотаб «ич»-ро илова менамуданд, вобаста аз синну солашон, ба сармуҳаррири «Садои мардум» ба мисли мо «Бобоҷон», «Акаи Бобоҷон» гуфта муроҷиат мекарданд.  
Вазифаи сармуҳаррирӣ дар он айём аз масъалаҳои эҷодӣ дида, бештар бо часпу талошҳои созмондиҳӣ банд шуданро тақозо дошт. Бинобар ин, дар нашрияҳо матолиб бо имзои сармуҳаррир ками андар кам ба чашм мехӯрд, вале сармуҳаррири «Садои мардум» аз ин «қоидаи нонавишта» истисно буд. Ӯ мунтазам менавишту хуб ҳам менавишт, хуб созмондиҳӣ ҳам дошт. 
Чун сухан аз устодону ҳамкасбоне, ки барои рост кардани дасти қаламкашӣ мерафт, акаи Бобоҷон номи устодони донишгоҳӣ Шарифҷон Ҳусейзода, Воҳид Асрорӣ, Додоҷон Тоҷиев, Соҳиб Табаров, Абдусаттор Нуралиевро бо эҳтиром ба забон мегирифт. Ҳамчунин аз Ҷонибек Қувноқ, шоиру журналисти хушкору некном самимона ёд меовард, ки солҳои таҷрибаомӯзӣ дар идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ба ӯву шарикдарсонаш бародарвор муносибат доштааст.
Дарвоқеъ, баҳори соли 1996, вақте ки аз зодгоҳи банда деҳаи Порашти ноҳияи Фориш, моро ба маҳфили ёдбуд ва гузоштани лавҳасанги ёдгории Ҷонибек Қувноқ даъват карданд, акаи Бобоҷон он вақт муовини аввали сармуҳаррир, бе дудилагӣ розӣ шуда, ҳардуямонро ба муддати се рӯз аз идораи рӯзнома ҷавоб гирифта, озими сафар гардид. Фолклоршинос, муҳаққиқи эҷодиёти шифоҳии мардумони Форишу Нурато, профессор Баҳром Шермуҳаммадов ҳамсафари севумамон буд. Он айём миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳанӯз раводид ҷорӣ набуд, поездҳои хатсайри «Душанбе – Конибодом», «Душанбе – Маскав» тавассути қаламрави Ӯзбекистон равуо доштанд ва мо 30 март то Ҷиззах бо поезд, то Порашт бо автобус расидем. Маҳфили ёдбуд дар саҳни ҳавлии мактаби деҳаи Порашт, дар назди лавҳсанги ёдгории навакак гузошташуда бо акси Ҷонибек, бо сабти таърихи 10. XI. 1941 – 06. XI.1990, баргузор шуд. Бояд гуфт, ки ба маҳфили серодам даҳҳо тан аз ҳамдеҳагону ҳамдиёрони шоир, ки дар шаҳру навоҳии гуногуни Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон кору зиндагӣ доранд, мухлисону алоқамандони сухан, роҳбарони ноҳия гирд омада буданд, то аз шахсияти наҷиб, эҷодиёти пурбори Ҷонибек ҳарф зананду бишнаванд, аз хотироти айёми бачагию навҷавонии вай, ки дар оғӯши ҳамин деҳа гузаштааст, ба ҳам қисса гӯянд. 
Пас аз пардабардорӣ аз лавҳасанги хотира ва арзи сипоси директори мактаб Наврӯз Ибодов, суханронии ҳокими ноҳияи Фориш Бастамқул Саидқулов, мудири шуъбаи фарҳанги рӯзномаи «Овози тоҷик», шоир Паймон ва профессор Баҳром Шермуҳаммадов, ихтиёри суханро ба «меҳмони аз ҳама роҳдуру аз ҳама ба дил наздик, муовини сармуҳаррири нашрияи Парлумони Тоҷикистони ҳамсояю бародар – «Садои мардум» Бобоҷон Абдулвоҳид вогузоштанд.
Акаи Бобоҷон бо арзи салому эҳтиром ба мизбонону дастандаркорони маҳфил, аз рӯзҳои таҷрибаомӯзӣ дар идораи «Овози тоҷик» ёдовар шуда, бо ифтихор изҳор намуд, ки аз шогирдони Ҷонибек Қувноқ аст.
– Ҷонибек-ако на фақат дар муносибат ба касбу кор ғамхору мушкилкушои мо – ҷавонон буданд, балки аз меҳрубониҳои эшон мо, таҷрибаомӯзони душанбегӣ, дар Тошканд эҳсоси мусофирӣ надоштем, – гуфт акаи Бобоҷон.  – Эшон дар Тошканд кошонаи меҳру меҳрубонӣ ва гирдиҳамойии қаламкашону суханварон буд, ки ҳар нишасту маҳфили он ба мо як дунё сабақ меомӯхт.
Баргузоршавии маҳфили имрӯза дар зодгоҳи шоир рамзе аз қадршиносии сухан, аз пайвандҳои адабӣ ва фоли идомаи умри шеъру фарҳанги тоҷикӣ дар ин гӯшаи дурдасти кишвари дӯсти мост.
Акаи Бобоҷон аз порахотираҳои вобаста ба Ҷонибек ёдовар шуд, вале қиссаи хостгории ӯро нагуфт, шояд нақли масъалаи ба ҳаёти шахсӣ дахлдоштаро дар маҳфили серодам аз рӯйи одоб надонист, вале қиссаи хостгорӣ дар суҳбати сари пиёлаи чой дар боғи раиси деҳа Эргаш Сатторов ба мавзуи ҷолиб табдил ёфт. Аслан, ин қисса аз сужаи филмҳои ошиқона камӣ надошт, ки хулосаи фишурдааш бо хонадоршавии акаи Бобоҷон меанҷомад.
Тобистони соли 1976 акаи Бобоҷон ҳамроҳи ҳамкурсаш Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ дар идораи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» таҷрибаомӯзии думоҳа мегузаштанд. Дар пиёдароҳи маҳаллаи назди хобгоҳи донишҷӯён, ки таҷрибаомӯзонро ҷо дода буданд, гоҳи ба корравию азкорбаргардӣ, духтари соҳибҷамоле таваҷҷӯҳи акаи Бобоҷонро ба худ мекашид. Салом дода гузаштанҳо рафта-рафта ба ҳолу аҳволпурсию суҳбатҳои кӯтоҳ ва гоҳе то таги дарвоза гуселкунии духтари тошкандӣ мепечид. Модари духтар чанд бор ин ҳолро дида буд, рӯзе аз дур чашмаш ба манзараи дастобадаст хушҳолона суҳбаткунон омадани ду ҷавон афтод, баъди шомхурӣ бо оҳанги накуҳиш ҳол пурсид, ки ин чӣ гапу корест? Духтар ҳам гӯё ҳамин лаҳзаро интизор буд, ба модар рози дил кушод, гуфт, ки ин ҷавон донишҷӯйи тоҷикистонисту хоҳишу мақсадаш ҷиддист, назди шумо омада, «дасти маро пурсиданӣ», агар розӣ бошед, хостгор фиристоданӣ аст.
Дар идораи рӯзнома бисёриҳо аллакай «аз ошиқи духтари тошкандӣ шудани ҷавони душанбегӣ» огоҳ буданд, Аҳмадшоҳ (Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ, ҳаҷвнигори ҷавонрафта), шарикдарси акаи Бобоҷон, ки нисбат ба ҳамроҳон ҳушёртару гапдонтар буд, «сӯхтану пухтанҳои» дӯсташро обу ранг дода, ба Ҷонибек нақл карда, мегуфт, ки агар ба хостгорӣ наравед, аз маҳсули эҷоди таҷрибаомӯзатон умед бояд канед. 
Ҷонибек ҳам аз гапу гузори «таҷрибаомӯзи ошиқ» хабардор буду дар дил аз тасмими Бобоҷони дидадарову дилёб хурсанд, не нагуфт, вазифаи хостгориро пазируфта, аз пайи гуфтушунид бо волидайну бародарони Марҳабо шуд. Ҳунари суҳбатороӣ, хушчақчақию аз ину он огоҳии Ҷонибек волидайну пайвандони арӯси ояндаро моил сохт, фақат модар – Зуҳринисохола гаштаю баргашта такрор мекард, ки «эҳ, Марҳабоҷонамро ба роҳи дур, ба Тоҷикистон гуселонида, зиқ мешавам, охир», вале таскинбахшии хостгорон «дар пешонии ҷавонҳо чунин навишта шуда будааст, бахти аввал ширинии умр, дар шароити ҳозира роҳ чӣ дурӣ дорад, ки пас аз як соат бо тайёра дар Душанбе мешавед, аз он ҷо то Кӯлоб як қадам», ниҳоят, оромӣ бахшид.
Хулоса, таҷрибаомӯзии Бобоҷон бо фотеҳаву ноншикании арӯсёбӣ анҷомида, пас аз чанде, соли 1977 таҳти садои дафу карнаю сурнай арӯс аз Тошканд ба Кӯлоб омад. 
Дарвоқеъ, қиссаи ошиқии шарикдарсаш, дилсӯзии ҳамкорон аз «Овози тоҷик», хостгории Ҷонибекро адиби ҳаҷвнигор Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳи шодравон дар порахотироти «Арӯс аз Тошканд» хеле дилкашу ҷолиб тасвир намудааст.  
Қиссаи хостгорӣ ва арӯсбиёрӣ аз Тошканд дар суҳбати гирди дасторхони деҳаи Порашт, аз дигарон дида, ба ҳокими ноҳияи Фориш бештар хуш омад ва раис то поёни маҳфил бо акаи Бобоҷон чунон унс гирифт, ки мегуфтӣ даҳсолаҳо бо ҳам шинос бошанд.
Саидқулов ваъдаи дар роҳи бозгашт ба идораи ҳукумати ноҳия сар задани моро гирифта, бо сипос аз мутасаддиёни маҳфилу нишасти сари дасторхон, сӯйи маркази ноҳия роҳ гирифт. Мо ҳам, ки дар дил нияти шабона аз Ҷиззах (аз Порашт 100 километр) бо поезди «Конибодом – Душанбе» баргаштан доштем, пас аз соате бо Порашту пораштиён худоҳофизӣ кардем. Тибқи ваъда, бо роҳбаладии Шодӣ Шавқиев, раиси шаҳраки Учқулоч, ҳамсинфи Ҷонибек, ба дафтари ҳокими ноҳияи Фориш омадем.  Бастамқул Саидқулов аз шиносоӣ ва ширкати якҷоя дар маҳфили ёдбуд арзи сипос карда, дар бораи вазъи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи сермиллат маълумоти мухтасар ироа намуд ва изҳор дошт, ки аввалҳои моҳи май 60-солагии таъсиси ноҳияи Форишро дар нақша доранд ва мо меҳмони азизи он ҷашнвора хоҳем шуд. Ҳокими ноҳия аз акаи Бобоҷон, «дӯсти қадрдони тоҷикистониаш, домоди Тошканди азим», ваъдаи ба маҳфили ҷашнӣ омаданро гирифта, бо умеди дидори наздик, моро гуселонид.
Албатта, ҳамроҳи Бобоҷон ва профессор Баҳром Шермуҳаммадов 4 майи соли 1996 дар таҷлили 60-солагии ноҳия ширкат варзидем. Он рӯзҳоро ёд оварда, агар гуфтанӣ бошем, ки меҳмонони душанбегӣ рӯйи дасти мизбонону мутасаддиёни чорабинии ҷашнӣ буданд, кам гуфтаем. Табрикномаи бо сатрҳои Ҷомию Навоӣ, Мирзо Турсунзодаю Ғафур Ғулом зеварёфтаи форишиёни муқими Душанберо қироат намудани Баҳром Шермуҳаммадов дар толори Кохи фарҳанг мавҷи кафкӯбиҳоро ба амал оварда бошад, «шаҳрвандони ифтихории ноҳияи Фориш» эълон гардидани Бобоҷон Абдулвоҳидов ва Баҳром Шермуҳаммадов кафкӯбиҳоро ба авҷи аъло расонд.
Тибқи барнома идомаи маҳфил пас аз танаффуси кӯтоҳ, дар сайргоҳи маркази ноҳия, мавзее тақрибан 3 километр болотар аз Кохи фарҳанг, бояд идома меёфт. Дар саҳни ҳавлӣ ҳокими вилояти Ҷиззах Шавкат Мирзиёев, Президенти кунунии Ӯзбекистон, ки дар маърака ширкат дошт, бо арзи салом «меҳмонҳо читу шумо?» гӯён ба давраи мо наздик шуд ва баъди ҳолу аҳволпурсӣ моро ба мошинаи «ГАЗ – 31»-и худ шинонда, роҳи сайргоҳро пеш гирифт. 
Пас аз маҳфили ҷашни ноҳия бо мизбонони меҳмоннавоз чун дӯстони дерин хайрухуш карда, роҳи Ҷиззахро пеш гирифтем. Азбаски то вақти гузари поезди «Конибодом – Душанбе» фурсати муайяне доштем, аз роҳбалади навбатиамон ҷавони хушсухан Набиҷон Ҷӯраеви пораштӣ хоҳиш намудем, моро то хоҷагии №16, ноҳияи Арнасойи ҳамсоя ҳамроҳӣ кунад, ки ба аёдати Раҷаббойтағо Кенгошев, собиқадори меҳнат, аз раисони машҳури минтақа, расида бошем. Набиҷон хоҳиши моро бо майли том пазируфт ва шояд аз як тараф барои кӯтоҳ кардани роҳи қариб якунимсоата, аз тарафи дигар ғойибона ошно сохтани Раҷаббойтағо ба ҳамроҳони душанбегиам, аз корномаи «раиси машҳури минтақа» нақл мекарду ҳар замон бо таъкиди «ҳоло худатон мебинед, ки ягон зарра лоф назадаам» гӯё худро пешакӣ ҳақ мебаровард.
– Медонед ё не, Қиронҷон ҳарчанд ба духтари худашон не, ба духтари хоҳарашон хонадор шудааст, домоди дӯстдоштаи Раҷаббойтағо мешавад. Раҷаббойтағо ба арӯсии ҷиянашон аз ҳамин ҷо хеста ба Душанбе рафта, Ҷӯрабек Муродовро ба базми арӯсӣ оварда буданд, гуфтани роҳбаладамон баробари ҳамроҳон, таваҷҷуҳи ронандаи таксиро низ ҷалб кард магар, ки аз пешойинаи мошин чанд бор моро синчанигоҳ дошт.  
Медидем, ки Баҳромако аз суҳбати Набиҷон, равонсуханӣ ва забони тоҷикии тозаи ин шиноси нав ба ваҷд омада, бо майли том гӯш медод, агар дар миён баъзе калимаҳои лаҳҷавӣ мешунид, гашта мепурсиду ба дафтарчаи кисагиаш қайд мекард.           
Мошин назди дарвозаи нақшини ҳавлии бо оҳанпанҷара ҳисоркашида таваққуф кард. Набиҷон чолокона аз мошин поён шуда, ба ҳавлӣ қадаммонон, сӯйи марди паҳлавонҷуссаи рӯйи кати зери дарахти сада каҷпаҳлузада садо сар дод:
– Ассалому алайкум, Раҷаббойтағо, монда набошед, меҳмонҳои тоҷикистониатонро қабул кунед!
– Ваалайкум бар салом! Ӯҳ-ӯ, ин домод чӣ тавр шуд, ки моро ёд кард, ӯ, шаҳбозе! Биёед, биёед, хуш омадед меҳмонҳои азиз, хуш омаданд! 
– Домодатон бо ҳамроҳонаш ба тӯйи 60-солагии ноҳияи Фориш омада будаанд, меҳмонҳоро роҳбарияти вилоят хеле иззат карданд, то вақти поезд шуморо як сари қадам хабар гирифта гузарем, гуфтанд, овардам, – моро шиноскунон гуфт Набиҷон. – Меҳмонҳо саросемаанд, ҳамин ҷо, рӯйи кат каме нишаста, ҳолу аҳвол мепурсем, мегӯянд. 
– Заб кори нағз кардетон-да, лекин аз худи Тоҷикистон омада, як пиёла чой ногирифта рафтан айб мешавад, то поезд ҳоло хеле вақт ҳаст, канӣ-канӣ, марҳамат, – ба нею нестони мо нигоҳ накарда, ба меҳмонхона роҳбаладӣ намуд Раҷаббойтағо.
«Як пиёла чой» ба чандин чойник чойи талху чандин шиша нӯшокиҳои рангобаранг, хомшӯрбою гӯштбирёни барраи ширбоз табдил ёфт. 
–  Ба меҳмонҳо аз шоносшавиатон бо Мирзиёев нақл кунед, – Раҷаббойтағоро ба гап мекашид Набиҷон.
– Э, воҳима мекунӣ, Набиҷон, ун кас (Мирзиёевро дар назар дошта) рӯзи дароз дар заминҳои хоҷагиҳо гашта, монда ҳам шуда буданду гушна ҳам. Медонистем, ки ҳокими вилоятамон ба зиёфати раисони ноҳияву хоҷагиҳо хуш надоранду суҳбати сари чой бо муйсафедонро нағз мебинанд, ба як пиёла чой даъват кардем. Ҳарчӣ, даъватро не нагуфтанду бо ҳамроҳонашон омаданд, дар ҳамин меҳмонхона як пиёла чой гирифтанд. Сари дасторхон ҳам гап аз роҳу равиши корҳои саҳро, баландбардории ҳосили зироат, беҳдошти шароити зисту зиндагонии заҳматкашони хоҷагиҳои ноҳия мерафт.
– Аҷаб кори хуб кардед, ҳазор раҳмат Набиҷон, аз суҳбати пири кор баҳраманд шудем, домоди раис будани Қироншоҳу домоди Тошканд будани Бобоҷонро низ фаҳмидем, сафарамон кӯтоҳ ҳам бошад, пурмаҳсулу хотирмон буд, – дар мошин сафари Форишро як навъ ҷамъбаст мекард Баҳромако, – насиб карда бошад, навбати дигар бо хушдоману хусурбурдаҳои Бобоҷон шиносшавӣ, ба идораи «Овози тоҷик» ба Тошканд меоем.
... Вале афсӯс, сафари Тошканд ҳамроҳи ҳамсафарон дар насиб набудааст. Баҳромако, акои Бобоҷон ва ҳам Набиҷон, дар овони нашъунамои дарахти умрашон моро тарк карданд. Рӯҳашон шод, ёдашон гиромӣ бод! 
      
Қироншоҳ ШАРИФЗОДА,
Ш. ДУШАНБЕ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: